Тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Боку

Март 16, 2019 09:54

ДУШАНБЕ, 16.03.2019/АМИТ «Ховар»/. 12 марти соли равон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар якҷояги бо сафоратхонаҳои Афғонистон, Қазоқистон, Покистон,  Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Намояндагии СММ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.   Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Дар рафти чорабинӣ вакилони Миллӣ Меҷлис (Парлумон)-и Ҷумҳурии Озарбойҷон, намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии муқими Озарбойҷон, доираи олимон ва намояндагони ҷамъиятӣ, ВАО-и кишвари иқомат, инчунин тоҷикони муқими Озарбойҷон иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо суханрониҳои шодбошии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Гараев Абдулфас, Намояндаи дафтари СММ дар Озарбойҷон Ғулом Исакзай, Сафири Туркия Эркан Озорал ва Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ ифтитоҳ шуд.

Дар чорабинӣ  аз ҷониби Сафорат гушаи Тоҷикистон ороста шуд, ки дар он бо ишораи рамзи Наврӯзи-2019, ороишҳои минтақаҳои мухталифи кишвар ва асбобҳои гуногуни мусиқии мардумӣ, либосҳои миллӣ, чакандӯзиҳо, кундалҳову заркӯбиҳои тоҷикӣ, китобҳо, аксҳои табиати зебои Тоҷикистон ва дастовардҳои он, бо таъомҳои миллии ватанӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Март 16, 2019 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон