Тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Боку
ДУШАНБЕ, 16.03.2019/АМИТ «Ховар»/. 12 марти соли равон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар якҷояги бо сафоратхонаҳои Афғонистон, Қазоқистон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Намояндагии СММ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Дар рафти чорабинӣ вакилони Миллӣ Меҷлис (Парлумон)-и Ҷумҳурии Озарбойҷон, намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии муқими Озарбойҷон, доираи олимон ва намояндагони ҷамъиятӣ, ВАО-и кишвари иқомат, инчунин тоҷикони муқими Озарбойҷон иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо суханрониҳои шодбошии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Гараев Абдулфас, Намояндаи дафтари СММ дар Озарбойҷон Ғулом Исакзай, Сафири Туркия Эркан Озорал ва Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ ифтитоҳ шуд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби Сафорат гушаи Тоҷикистон ороста шуд, ки дар он бо ишораи рамзи Наврӯзи-2019, ороишҳои минтақаҳои мухталифи кишвар ва асбобҳои гуногуни мусиқии мардумӣ, либосҳои миллӣ, чакандӯзиҳо, кундалҳову заркӯбиҳои тоҷикӣ, китобҳо, аксҳои табиати зебои Тоҷикистон ва дастовардҳои он, бо таъомҳои миллии ватанӣ ба намоиш гузошта шуданд.










НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»






