Тоҷикистон дар минтақа дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад

Март 11, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 11.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм қарор дошта, дар ин самт дар кишвар пояҳои меъёрию ҳуқуқӣ тақвият дода шудаанд. Ин матлаб дар ҳамоише  дар Душанбе  вобаста ба масъалаҳои актуалии  пешгирии терроризм  ва экстремизм баён гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату  идораҳои  марбутаи  мамлакат  ва коршиносону таҳлилгарон  ҳузур доштанд.

Директори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Диловар  Қодирзода доир ба тадбирҳои андешидаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти  ҷилавгирӣ ва мубориза бар зидди  экстремизм ва терроризм сухан карда, гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шароити кунунӣ диққати асосиро  ба ҷилавгирии ҷавонон ҷиҳати напайвастан ба   гурӯҳу ҳаракатҳои  экстремистию террористӣ ва баргардонидани ҷавонони гумроҳ, ки дар хориҷи кишвар ба сафи ҳаракатҳои ифротию террористӣ пайвастаанд, равона намудааст.

Ҳамзамон  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба зидди экстремизм ва терроризм бо дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ  ҳамкориро густариш дода,  дар муборизаи беамон  алайҳи равандҳои номатлуб  ва хатару таҳдидҳои  замони муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти мубориза  бар зидди ифротгароӣ  ва терроризм  «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза  бар зидди терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2020»-ро  тасдиқ намудааст. Санади мазкур  тамоми паҳлуҳои   равандҳои асосии  ифротгароиро, ки  ба терроризм мебаранд, дар бар гирифта, муборизаро бо ин зуҳуроти  номатлуб тақвият мебахшад.

Дар ҳамоиш  намояндагони вазорату идораҳои  марбутаи мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар  роҷеъ ба масъалаҳои мубрами  мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, роҳу усулҳои муқовимат  ҷиҳати пешгирии терроризм ва экстремизм, нақши сохторҳои  махсус ва қудратии мамлакат  дар мубориза бо ин зухуроти номатлуб, истеҳсол ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир  чун сарчашмаи маблағгузории  терроризм ва экстремизм   ибрози назар карданд.

Март 11, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид