ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: танҳо як сокини кишвар ба ширкати «Барқи тоҷик» 45 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст

Март 30, 2019 12:19

ДУШАНБЕ, 30.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Як  соҳибкори Тоҷикистон дар муддати қариб 19 сол барои истифодаи коргоҳҳояш барқ дуздида, ба  давлат беш аз 45 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дихилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тавре ВКД хабар додааст, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия   сокини 53-солаи ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Ҳамадонӣ  бо гумони расонидани зарари моддӣ бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, аз соли 2000-ум дар хонаи истиқоматиаш ғайриқонунӣ як осиёбӣ ордгардонӣ,  як  осиёби ҷуворимакка,  як сехи истеҳсоли хишти сементӣ ва   як сехи пахтатозакуниро муҷаҳҳаз гардонида,  берун аз ҳисобкунакҳо қувваи барқро истифода бурдааст.

Дар натиҷа, тибқи санади Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Кӯлоб, таҳти №78 аз 15 марти соли 2019, номбурда ба давлат ба маблағи 45 ҳазору 596 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати марди гумонбар бо моддаи 253 қ-1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик»  ба истифодабарандагони қувваи барқ расман муроҷиат ва таъкид намуд, ки «барқ ҳам монанди ангишт, ҳезум, газ ва дигар маводи  сӯхт маҳсулот аст,  арзишу қимат дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми аз  он истифода бурдан бояд маблағи он ҳатман пардохт гардад. Ин барои бо барқ таъмин будани мо ва такроран истеҳсол намудани он хеле зарур аст. Тамоми зимистон бо барқ таъмин будан истифодаи дигар намудҳои сўзишвориро маҳдуд намудааст, вале дар як вақт муштариён бобати пардохти ҳаққи барқ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намесозанд. Ин аст, ки то имрӯз қарзи аҳолии кишвар аз барқ ба  як миллиард сомонӣ наздик шудааст. Дар ин ҳолат таъмини пурра ва муназзам мамлакат бо  барқ хеле душвор ва то дараҷае ғайриимкон мегардад».

Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар шарҳи ин муроҷиат чунин навишт:

«БАРҚ ҲАМ МАҲСУЛОТ АСТ ВА НАПАРДОХТАНИ МАБЛАҒИ ОН ДУЗДИСТ ВА ҲАР ГУНА ДУЗДӢ ҶИНОЯТ МАҲСУБ МЕШАВАД».

 

Март 30, 2019 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон