Зевар Давлатзода ва Олга Ярилова масоили табодули таҷриба ва тарбияи кадрҳоро баррасӣ карданд

Март 20, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 20.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода бо муовини Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Олга Ярилова вохӯрӣ анҷом дод.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар, ташкили барномаҳои муштараки фарҳангӣ, табодули таҷриба, тарбияи кадрҳо ва инчунин вобаста ба лоиҳаи матни протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматие, ки имрӯз баррасӣ гардид, табодули андеша намуданд.

Бояд гуфт, ки Олга Ярилова дар ҳайати иштирокчиёни Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масоили иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба кишвари мо омадааст.

Ба иттилои манбаъ, вохӯрӣ дар фазои хотирмон сурат гирифт.

Март 20, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст