12 АПРЕЛ – РӮЗИ НАХУСТИН ПАРВОЗИ ИНСОН БА КАЙҲОН. То ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар Тоҷикистон расадхонаи астрономии баландтарин дар ҷаҳон мавриди истифода қарор мегирад!

Апрель 12, 2019 09:41

ДУШАНБЕ, 12.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  расадхонаи воқеъ дар мавзеи Шорбулоқи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дубора барқарор ва мавриди истифода қарор мегирад. Ин расадхона дар қатори расадхонаи Мауна Кеа, ки дар ҷазираи Ҳавайи ИМА ҷойгир аст,  яке аз расадхонаҳои астрономии  баландтарини  ҷаҳон хоҳад буд. Дар ин бора имрӯз, 12 апрел – дар Рӯзи  нахустин парвози инсон ба кайҳон директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физика ва математика Гулчеҳра ҚОҲИРОВА   ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ  мужда расонд.

  Тавре хабарнигори АМИТ “Ховар” менависад,  бо Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2018 расадхонаи Шорбулоқ Расадхонаи баландкӯҳи байналмилалии «30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» номгузорӣ шудаст.

Корҳои омодагӣ дар ин самт аллакай оғоз гардидаанд. Бо дастури Раёсати Академияи илмҳо бо мақсади азназаргузаронии расадхона ва муоинаи телескопҳо моҳи июли соли 2018 экспедитсияи байналмилалӣ ва моҳи сентябри соли 2018 сафари гурӯҳи кории муштарак ташкил карда шуд. Дар экспедитсияи байналмилалӣ олимони давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Россия, Украина, Словакия, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо иштирок намуда, хулосаи муштаракро оид ба барқарор кардани ин расадхона ба Раёсати АИ ҶТ пешниҳод  намуданд.

«Ҳарчанд ки ин расадхона нисбат ба расадхонаи «Санглох» ҳаҷман хурд бошад ҳам, вале обу ҳавои он яке аз беҳтаринҳо буда, барои мушоҳидаҳои астрометрӣ ва астрофизикии объектҳои кайҳонӣ дар фосилаи васеи нурҳо – аз ултрабунафш то инфрасурх имкон медиҳад»,-зикр кард  Г. Қоҳирова.

Ба андешаи Гулчеҳра Қоҳирова, ҷойгиршавии расадхона ҳам хеле мувофиқ аст (арзи географӣ φ=+38°, тӯли географӣ λ=74°), яъне дар ин расадхона имконияти мушоҳидаи ҳамаи объектҳои нимкураи шимолӣ ва объектҳои то майли δ=-30° — и нимкураи ҷанубии осмон мавҷуд аст. Шумораи соатҳои шабҳои кушод – 1820 (250 шаб), зариби шаффофии атмосфера – 0.86, сифати аксбардорӣ (нишондиҳандаи астроиқлим) – 0.54 сонияи кунҷӣ, равшании осмон – 22 қадри ситорагӣ/квадрати сонияи кунҷӣ (дар лифофаи V) ва сифати акси гирифташуда =0.54-ро ташкил медиҳад.

Телескопи асосии расадхона РМ-700 дар баландии 4350 м ҷойгир  шудааст, ки аз расадхонаи Мауна Кеаи Амрико  (4200 м) 150 метр  баландтар аст.

Аз ҷадвал аён аст, ки нишондодҳои шаффофии атмосфера ва сифати аксбардории Расадхонаи баландкӯҳи байналмилалии «30-солагии ИстиқлолиятиТоҷикистон» беҳтарин аст. Сабаби онро Гулчеҳра Қоҳирова дар мавқеи иқлимӣ, баландӣ аз сатҳи баҳр, миқдори ками боришот (100 мм/сол) ва намӣ, мавҷуд набудани сели ҳаво (суръати миёнаи моҳонаи шамол — 6 м/с) ва чангу ғубор арзёбӣ намуд.

Зикр кард, ки расадхонаи мазкур дар гузашта бо телескопи РМ-700 (қутри оинаи асосӣ D=700 мм, системаи оптики Кассегрен) ва телескопии офтобӣ (калонтарин дар ҷаҳон телескопии мобилии АНК-451 бо масофаи эффективии конуни 200 м) ҷиҳозонидашуда буд.

«Бо ёрии телескопии офтобӣ оид ба сохтори нозуки доғҳо ва фотосфера дар солҳои 1978-1989 маводи хеле зиёд ҳам ҷамъ карда шуд. Маводи мушоҳидавии бадастовардашуда босифат, қобилияти тафриқа ва нуфузпазирии фотометрӣ аз дараҷаи ҷаҳонӣ пеш гузашт ва дастоварди бузурги илму техникаи ватанӣ ба ҳисоб мерафт. 25 сол боз, аз соли 1992  инҷониб ин расадхона дар ҳолати корношоямӣ қарор дорад ва телескопи он пурра аз фаъолият бозмондааст»,- бо таассуф илова кард донишманди тоҷик.

Барои таъмир ва барқарор намудани телескопи он бо ҷалби маблағҳои грантӣ қариб 500 ҳазор доллар пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, ки дар ин самт давлатҳои Чин ва Ҳиндустон саҳми худро мегузоранд.

Бояд зикр кард, ки ин расадхона дар мавзеи Шорбулоқи ноҳияи Мурғоби ВМКБ воқеъ буда, бо ташаббуси Саррасадхонаи астрономии Пулковои Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар аввалҳои солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда буд. Расадхона аввал «Экспедитсияи астрономии Помири Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ» ном дошт. Дар ин экспедитсия ду муассиса-Саррасадхонаи астрономии Пулково ва Институти тадқиқоти кайҳонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат варзиданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 1995 дар заминаи Расадхонаи астрономии «Санглох» ва Расадхонаи астрономии «Помир» Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох» дар назди Институти астрофизикаи АИ ҶТ ташкилшуд. Расадхонаи астрономии «Помир» мақоми филиали Расадхонаи байналмилалии  астрономии «Санглох»-ро соҳиб гашт.

Гулчеҳра Қоҳирова  ибрознамуд, ки дар баробари омӯзиши объектҳои табиии кайҳонӣ, инчунин мушоҳида ва омӯзиши радифҳо имаснуи Замин (РМЗ) бо пораҳояшон ба самтҳои асосии илмии Институти астрофизикаи АИ ҶТ дохил мешаванд. Тараққиёти ин гунна тадқиқоти кайҳонӣ дар Тоҷикистон бо сар додани аввалин Радифи маснӯи Замин ба кайҳон 4 октябри соли 1957 аз тарафи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) оғоз шудааст.

Дар ҳамон вақт дар Расадхонаи астрономии «Сталинобод» 4 октябри соли 1957 мушоҳидаҳои аввалин радифи маснӯи Замин бомуваффақият гузаронида шуданд ва баҳори соли 1958 Стансия барои гузаронидани мушоҳидаҳои мунтазами фотографӣ (РМЗ) таъсис дода шуд. Дар натиҷа маълумоти пурарзиш ба даст омад, ки дар ҳалли як қатор масъалаҳои муҳими астрономияи амалӣ-бунёдӣ ва геофизикӣ ёрӣ расонид.

Соли 1964 Расадхонаи астрономии «Ҳисор» сохта шуд ва дар он камераи нави АФУ -75 барои мушоҳидаи РМЗ ба истифода дода шуд. Баъдтар соли 1974 бо васл кардани дастгоҳи астрономии баландсаҳеҳ (ДАБ) мушоҳида ва омӯзишҳои РМЗ беҳтар ба роҳ монда шуданд. Телескопи ДАБ имкон дод, ки РМЗ-ҳои хеле хира бо суръатҳои гуногун ба қайд гирифта шаванд.

Гулчеҳра Қоҳирова мегӯяд, ки мушоҳидаҳои РМЗ дар Расадхонаи астрономии «Ҳисор» барои саҳеҳ гардонидани мадорҳои стансияҳои байнисайёравӣ ва РМЗ, инчунин тартиб додани феҳристҳои Радифҳои геостатсионарӣ истифода шудаанд.

Вақтҳои охир мушоҳидаҳои радифҳои геостатсионарии равшаниашон паст ва пораҳои онҳо бо истифодаи асбоби рақамӣ, ки коркарди фаврии маълумоти мушоҳидавиро таъмин менамояд, гузарони дамешаванд. Мушоҳидаҳои фаврӣ барои назорат ва идоракунии дастгоҳҳои кайҳонӣ ва масъалаҳои экологияи фазои кайҳонии наздизаминӣ заруранд.

 

Апрель 12, 2019 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд