Ба диққати соҳибони воситаҳои нақлиёт ва сокинони пойтахт
ДУШАНБЕ, 15.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба маълумоти соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, сокинон ва меҳмон мерасонад, ки бо мақсади татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгарди хиёбони Саъдии Шерозӣ (аз ҳалқаи кӯчаи Неъмат Қарабоев то гардиш ба кӯчаи Раҳмон Набиев) ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз 15 апрели соли 2019 маҳдуд карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт иттилоъ медиҳад.
Аз ин лиҳоз, гуфта мешавад дар хабари мақомот, аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он аз ҷумла, хиёбонҳои А. Сино, Ҷ. Расулов, кӯчаҳои Н. Қарабоев, Мушфиқӣ, Р. Набиев, Маяковский, Соҳилӣ, Н. Ганҷавӣ, Раҳимӣ истифода намоянд.
Ҳамзамон, дар ин раванд ба як қатор хатсайри микроавтобус ва автобусҳо тағйирот ворид карда шуданд:
— микроавтобусҳои №№2, 52, ва 54 тариқи кӯчаҳои Мушфиқӣ-Соҳилӣ, №13 тариқи кӯчаи Р. Набиев, Мушфиқӣ, Н. Қарабоев ва №№ 15, 25 тариқи кӯчаҳои Соҳилӣ, Н. Ганҷавӣ, М. Шерализода;
— автобусҳои №№ 7, 11, 18, 29 тариқи кӯчаҳои Р. Набиев, Мушфиқӣ, Н. Қарабоев ҳаракат менамоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ҳамчунин илова кардааст: қаблан аз ҳусни тафоҳуми ронандагон ва мусофирон барои монеаҳои ҳаракати нақлиёт, ки дар натиҷаи тадбирҳо ҷиҳати ободонӣ ва беҳсозии хизматрасонии роҳҳо андешида мешаванд, сипосгузорем.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






