Баҳодур Усмонов баъд аз 8 сол медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба боксро ба Тоҷикистон овард
ДУШАНБЕ, 26.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Бангкоки Тайланд дар вазни 64 кг миёни мардон чемпиони Осиё шуд. Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Баҳодур Усмонов дар вохӯрии ниҳоӣ бар варзишгари Урдун — Обада Ал-Касбе ғолиб омад.
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бар варзишгари Ҷопон Далсуки Нариматсу, дар чорякфинал бар муштзани Туркманистон Туғрулбег Паззиев ва дар нимфинал бар варзишгари Қазоқистон Саматалӣ Толтаев ғалаба кард.
Бояд зикр кард, ки Баҳодур Усмонов таҳти роҳабрии мураббии маъруф Мирзо Шамсиев тамрин мекунад ва моҳи феврали соли равон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қирғизистон низ соҳиби медали тилло гардида буд. Баҳодур баъд аз 8 сол медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба боксро ба Тоҷикистон овард.
Хотиррасон менамоем,ки соли 2011 муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов дар вазни 56 кг дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба унвони Чемпиони Осиё даст ёфта буд. Ҳамчунин Ҷаҳон Қурбонов соли 2008 ва Мавзуна Чориева соли 2010 чемпиони Осиё оид ба бокс гардида буданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






