«БАРӮИХАТГИРИИ АҲОЛӢ – МАЪРАКАИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ МУҲИМИ ДАВЛАТӢ». Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ҷаласаи Комиссияи давлатии мусоидати барӯихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

Апрель 19, 2019 13:21

ДУШАНБЕ, 19.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии мусоидати барӯихатгирии аҳолӣ Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии ин комиссия доир гардид.

Дар кори ҷаласа аъзоёни комиссия – роҳбарони вазорату идораҳо, муовинони раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат намуданд.

Сараввал Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода хотиррасон намуд, ки  дар асоси қатъномаи СММ  оид ба даври навбатии барӯихатгирии умумиҷаҳонии аҳолӣ, соли 2020 дар ҷумҳурии мо низ чун дар сойири кишварҳо  барӯихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор мегардад. Маъракаи мазкур дар мамлакат тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯихатгирии аҳолӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯихатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2017 «Дар бораи масъалаҳои комиссияи давлатии мусоидати барӯихатгирии аҳолӣ» гузаронида мешавад.

Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки барӯихатгирии  аҳолӣ ва фонди манзил маъракаи дорои аҳамияти муҳими давлатӣ маҳсуб меёбад, зеро он имкон медиҳад, ки  роҷеъ ба саршумори умумии аҳолӣ аз рӯи нишонаҳои муайяни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва демографӣ маълумоту рақамҳои тоза ва  пурра  ба даст оварда шаванд ва  омори мукаммали демографӣ таҳия гардад. Натиҷаҳое, ки дар рафти барӯихатгирӣ  ба даст меоянд, ба  таҳияи сиёсат ва дурнамои дақиқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва демографӣ, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаҳои гуногун  мусоидат хоҳанд намуд.

Дар ҷаласа директори Агентии омори  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини Раиси Комиссияи давлатии мусоидати барӯихатгирии аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода оид ба рафти корҳои тайёрӣ ба барӯихатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 гузориш дод. Гуфта шуд, ки бо мақсади санҷидани лоиҳаи барномаи барӯихатгирии аҳолӣ  моҳи  октябри соли 2018 дар маҳаллаҳои 64 ва 91-и шаҳри Душанбе ва дар ҳудуди шаҳри Норак барӯихатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида шуд. Дар ин давра корҳои ба тартиб овардан ва аниқ намудани номи кӯчаҳо, рақамҳои хонаҳо дар манзилҳои маҳаллаҳои шаҳрӣ ва деҳаҳои калон, тафтиши дурустӣ ва пуррагии баҳисобгирии ҷории аҳолӣ, таъмини кормандони масъул бо маводҳои катографӣ (харита ва нақшаҳои схематикӣ), ҷудо намудани утоқҳои кории муҷаҳҳаз бо мизу курсӣ, ҷевон, телефон ва ғайра, инчунин корҳои ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати иштироки фаъолона дар барӯихатгирии аҳолӣ роҳандозӣ гардиданд.

Зикр гардид, ки дар барӯихатгирии санҷишии аҳолӣ дар Душанбе ва Норак аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ҷамъоварии маълумот бори аввал технологияҳои нав – планшет ва пурсиши интернетӣ истифода бурда шуданд ва самараи хуб доданд.

Сипас  гузориши  раисони комиссияҳои мусоидати барӯихатгирии аҳолӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд,  шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ оид ба  ҷараёни  иҷрои супоришҳои протоколии ҷаласаи якуми Комиссияи давлатии мусоидати барӯихатгирии аҳолӣ аз 13 июни соли 2018 шунида шуд.

Аз рӯи гузоришҳои ироашуда Сарвазири мамлакат  рафти тайёрӣ ба баруихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро натиҷагирӣ намуд. «Натиҷаҳои барӯихатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаҳои зикршудаи шаҳри Душанбе ва дар шаҳри Норак  нишон доданд, ки дар сурати муносибати ҷиддӣ ва ташкили хуби кор аз тарафи роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ин маърака метавонад дар сатҳи баланд баргузор карда шавад», — изҳор дошт Қоҳир Расулзода. – Вале дар баробари ин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои омодагӣ ба маъракаи дарпешистода ба талабот ҷавобгӯ нестанд».

Дар охир Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва боло бурдани суръат ва сифати корҳои омодагӣ ба барӯихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Апрель 19, 2019 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид