«БИХАНДАД ЛОЛА…». Имрӯзҳо беш аз 4 миллион бех гулҳои нав шинонидашуда шукуфта, ба пойтахти Тоҷикистон ҳусни наву ҷилои тоза бахшидаанд
ДУШАНБЕ, 03.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо омадани фасли баҳор пойтахти тоҷикон –шаҳри Душанбе боз ҳам сабзрангу дилработар гардидааст. Меҳмонону сокинони пойтахт дар гулгашту хиёбонҳои шаҳр қадам зада, аз тамошои гулҳои рангоранг ва майсазорони сабзи он ҳаловат мебаранд. Албатта, ин ҳама зебогиву ободонӣ ба осонӣ ба даст наомада, маҳсули меҳнати шабонарӯзии масъулини ин соҳа маҳсуб мешавад. Тавре ба мушоҳида мерасад, имрӯзҳо тамоми кормандони Муассисаҳои давлатии «Раёсатҳои истифодабарии роҳҳо»-и пойтахт ба шинонидани ниҳолу буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола машғул буда, ин амал дар шаҳр ба маъракаи оммавӣ табдил ёфтааст.
Тавре сардори шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Шералӣ Раҳмонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ оид ба вусъати сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 шинондани ниҳолу буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола идома дорад.
Тибқи иттилои номбурда, дар доираи иҷрои қарори раиси шаҳр аз 1 ноябри соли гузашта то имрӯз дар ҳудуди пойтахт 106 ҳазору 240 бех ниҳоли дарахту буттаҳо шинонда шудаанд. Аз ин миқдор дарахтони сояафкан зиёда аз 8 ҳазор, ороишӣ қариб 30 ҳазор, мевадиҳанда 5315 ва буттаҳо 2525 бехро ташкил медиҳанд. Хусусан шинондани гулҳои мавсимию бисёрсола вусъати тоза гирифта, дар ин давра беш аз 4 миллиону 30 ҳазору 133 дона гул шинонда шудааст. Аз ин шумора гули мавсимӣ қариб 872 ҳазор дона ва бисёрсола 297 ҳазору 498 донаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар гӯшаю канори шаҳр 1 миллиону 139 ҳазор пиёзаки гули лола кошта шуд, ки имрӯзҳо ин лолаҳои шукуфта ба пойтахт ҳусни наву ҷилои тоза мебахшанд.
Ҳамчунин дар пойтахт ба сабзкорию васеъ намудани майдони майсазор таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар даҳҳо ҳазор метри мураббаи ҳудуди шаҳр майсазорон бунёд мегарданд.
…Имрӯзҳо гулгашту чаман ва кӯчаю барзани Душанберо гӯё ҳусну ҷило ва хандаю накҳати лолаҳои ҳарранга ва зебо пур кардааст ва суруди зебои Тӯхфа Фозиловаро бар матни устод Абӯабдулло Рӯдакӣ ба ёд меорад:
Бихандад лола дар саҳро ба сони чеҳраи Лайло…













Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






