Дар Чин Лагери омӯзишии ҷавонони аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрели соли равон дар шаҳри Синдаои Ҷумҳурии мардумии Чин Лагери омӯзишии ҷавонони аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оғоз гардид. Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 10 нафар ҷавонони фаъоли вазорату идораҳои мамлакат намояндагӣ менамоянд.
Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, нахуст ҳайати иштирокчиёни лагер дар Форуми соҳибкорони ҷавони СҲШ иштирок намуданд. Роҳбари Клуби соҳибкорони ҷавони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Сулаймон Қурбонов дар он вобаста ба имкониятҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорони ҷавон дар Тоҷикистон маърӯза намуд.
Дар ҷараёни омӯзиш иштирокчиёни лагер аз корхонаҳои саноатӣ ва иқтисодии шаҳри Синдао ва Маркази Созмони Ҳамкории Шанхай дидан намуда, бо роҳбарони он суҳбати озод намуданд.
Ҳамчунин иштирокчиён тибқи барнома расму оин, хӯрокҳои мардумӣ, либоси миллӣ ва дастовардҳои соҳаи сайёҳии давлати худро ба намоиш гузошта, ба ин восита давлату миллати худро муаррифӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Лагери омӯзишии ҷавонони аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай аз 28 апрел то 2 майи соли равон идома меёбад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






