Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷиҳати пешгирии терроризм Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 18.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 19-20-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии Данғара бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯи «Терроризм ҳамчун омили таҳдидкунандаи пойдории давлатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ» Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Раёсати донишгоҳи мазкур хабар доданд, барои иштирок дар конфронс масъулин аз вилояти Хатлон, олимону донишмандон, муҳаққиқон ва аспирантони ҷавон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳои олии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои олии кишвар даъват шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар қисми ифтитоҳӣ мавзӯъҳои “Терроризми байналмилалӣ: василаҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию маърифатӣ”, “Терроризм: омӯзиш ва ташхис аз нигоҳи ислом”, “Терроризми сиёсӣ дар ниқоби экстремизми динию этникӣ”, “Экстремизм ва терроризм: умумият ва фарқиятҳои онҳо” “Экстремизм ва терроризм – вабои аср ва роҳҳои пешгирии он” ва дигар масъалаҳои марбут ба мавзӯъҳои терроризму экстремизм мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳамзамон дар мавзӯъҳои «Терроризм- падидаи таҳдидкунанда ба Истиқлолияти давлати миллӣ», «Экстремизми динӣ: моҳият ва хусусиятҳои он дар ҷаҳони муосир» ва «Бахши пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ», «Зиракии сиёсӣ силоҳи пуриқтидор бар зидди терроризму экстремизм», «Терроризм- хатар ба рушди туризми байналмилаӣ», «Терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии исломӣ», «Терроризм ва экстремизм: моҳият, решаҳои зуҳурот ва пешгирии он» аз ҷониби иштирокдорон маърӯзаҳо пешниҳод мегарданд.








Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд






