Дар Душанбе 3871 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 11.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаришуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе 3871 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбат ба ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби кормандони шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста санҷишу амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, зимни гузаронидани амалиёт аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуданд. Аз ҷумла, 6 ҳодисаи идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбат ба ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Инчунин бе рақами қайди давлатӣ 15 адад, идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ 4, баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда 114, истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт 74 ва итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо 24 адад ба қайд гирифта шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






