Дар Душанбе Анҷумани кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Анҷумани кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бори аввал дар Тоҷикистон баргузор гардид. Анҷуман дар Китобхонаи милии Тоҷикистон доир шуда, иштирокдорони он давоми ду рӯз дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами бемориҳои дилу рагҳо ва соматикӣ» мубодилаи афкор мекунанд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори Анҷуман зиёда аз 450 нафар намояндагон, аз ҷумла, 70 нафар мутахассисони варзидаи риштаи кардиологӣ, кардиоҷарроҳӣ ва терапевтӣ аз давлатҳои хориҷи дуру наздик иштирок доранд.
Анҷуманро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солимии аҳолӣ маҳсуб шуда, давоми 10 соли охир дар ҷумҳурӣ стратегияву барномаҳои рушди ин соҳа бо муваффақият амалӣ мегарданд.
Дар Анҷуман барасии масъалаҳои калидии соҳа, ба монанди ҳолат ва имконити рушди хадамоти кардиологӣ ва терапевтӣ, тибби баландкӯҳ: хусусиятҳои ташхис ва табобат дар шароитҳои гипоксияи баландӣ ва таъсири касалиовари фавқулодавӣ дар ҳолати бемориҳои дилу рагҳо ва ҷисмонӣ, ёрии таъҷилӣ ва фавқулоддаи ҳолатҳои буҳронӣ, ки ба бемориҳои кардиологӣ ва ҷисмонӣ вобастагӣ доранд дар назар дошта шудаааст. Ҳамзамон, мавзӯъҳои технологияҳои тиббии ҳозиразамон дар ташхис ва табобати беморони кардиологӣ, кардиологияи интервентсионӣ ва ҷарроҳии дилу рагӣ, мушкилоти тибби асри XXI: аломати мубодилавӣ, касалии қанд, бемориҳои ҳамсон ва ғайра низ баррасӣ мегарданд.
Бояд гуфт, ки соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард дар Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Маркази ҷумҳуриявии клиники бемориҳои дил низ яке аз муассисаҳои муваффақи соҳавӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, соли 2011 дар назди ин муассиса бахши «Шараён Варид» ифтитоҳ гардида ва бо ташхису табобати муосири бемориҳои дилу раг фаъолият дорад. Айни замон ангиография шараёнҳои гардан, системаи асаби марказӣ (интракраниалӣ) ва шараёнҳои гурда, ангиографии ва тенгузории шараёнҳои пой ба таври васеъ ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар хизматрасонии терапевтии ҷумҳурӣ низ пешрафтҳои зиёд ба назар мерасанд. Бахши терапия аз ҳама соҳаи ниёзманди тиб буда, оид ба системаҳои душвори вазифавию-мубодилавии организми инсон ва ҳамаи зуҳуроти он дар шароити вазифавии меъёрӣ, аз он ҷумла, мутобиқшавӣ ба таъсири омилҳои берунаи муҳит, инчунин дар шароити патологӣ ахбороти пурраи бештар медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки давоми ду рӯз барномаи илмии анҷуман аз лексиҳо, ҷаласаҳои пленарӣ, симпозиумҳои илмӣ, ҳамоишҳои бахшӣ, баромадҳои стендӣ, озмуни олимони ҷавон, мактабҳо барои духтурони дар таҷриба амалкунанда иборат мебошад.
Дар ҷараёни баргузории Анҷуман маҳсулоти ширкатҳои фармасевтӣ ба намоиш гузошта мешаванд.










Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






