Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт мусобиқаи гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

Апрель 10, 2019 15:30

 ДУШАНБЕ, 10.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ шанбеи 3-юми моҳи апрел  Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар баробари чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ як зумра мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Тавре  мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва  варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода   ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, бахшида ба Рӯзи пойтахт дар баробари 10-умин  Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки 20 апрел доир мегардад, дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ ва 27 апрел мусобиқаи гӯштини миллӣ бо иштироки беҳтарин   паҳлавонони мамлакат  аз вилоятҳои Суғду  Хатлон, ВМКБ  ва ноҳияи  Рашт   барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Ҳамчунин аз 21 то 24 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба теннис миёни наврасону ҷавонон ва духтарон ба нақша гирифта шудааст.
Дар баробари ин, дар ҳамаи майдончаҳои шаҳри Душанбе, ки беш аз 200 ададро ташкил медиҳанд ва дар толорҳову мактабҳои варзишӣ баргузории мусобиқаҳои оммавии варзишӣ оид ба намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, шашкаю шоҳмот дар назар аст.

Апрель 10, 2019 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад