Дар Душанбе фаъолияти хатсайри микроавтобуси №67 қатъ ва шумораи автобусҳои хатсайри №4 зиёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 05.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 10 апрели соли равон дар пойтахт фаъолияти хатсайри микроавтобуси №67 (маҳаллаи Маърифатӣ-кӯчаи Гагарин) қатъ карда мешавад. Ба ҷои онҳо шумораи автобусҳои хатсайри №4 (Терминали Шарқ-Транс — ҶДММ «Маром»), ки роҳу кӯча ва маҳаллаҳои хатсайри №67-ро такрор менамояд, зиёд карда мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин амал бо мақсади паст кардани шиддатнокии ҳаракат, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон роҳандозӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 11 феврали соли равон дар хатсайри №4 низ фаъолияти микроавтобусҳо манъ карда шуда, хизматрасонӣ тариқи автобусҳои тамғаи АКИА ба роҳ монда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки автобусҳои тамғаи AKIA дорои 26 ҷойи нишаст буда, таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии онҳо аз дигар автобусҳо бартарӣ доранд. Дар қисми болои дохили автобус мониторҳои калонҳаҷм насб шудаанд, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мешаванд. Тугмачаи назди дари мобайн бо аломати маъюбон ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки аз наздик шудани худ ба дар ронандаро огоҳ кунанд.
Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади навсозии парки нақлиёти мусофирбарии пойтахт ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ давоми ду соли охир 268 автобуси замонавӣ харидорӣ ва мавриди истифодаи сокинони шаҳр қарор дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати «AKIA»-и Туркия барои харидории автобусҳо бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ба имзо расида буд. Дар асоси ин шартнома марҳила ба марҳила ба пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе автобусҳои ширкати мазкур ворид гардиданд, ки алҳол онҳо дар хизмати сокинону меҳмонони шаҳр қарор доранд.
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш менамояд, ки аз хизматрасонии хатсайри автобусии №4 (Терминали Шарқ-Транс — ҶДММ «Маром») истифода баранд», — илова намуд манбаъ.








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






