Дар Душанбе фаъолияти хатсайри микроавтобуси №67 қатъ ва шумораи автобусҳои хатсайри №4 зиёд карда мешавад

Апрель 5, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 05.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки  шурӯъ аз 10 апрели соли  равон дар пойтахт  фаъолияти хатсайри микроавтобуси №67 (маҳаллаи Маърифатӣ-кӯчаи Гагарин) қатъ   карда мешавад. Ба ҷои онҳо  шумораи автобусҳои хатсайри №4   (Терминали Шарқ-Транс — ҶДММ «Маром»), ки роҳу кӯча ва маҳаллаҳои хатсайри №67-ро такрор менамояд, зиёд карда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин амал бо мақсади паст  кардани шиддатнокии ҳаракат, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон роҳандозӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки   шурӯъ аз 11 феврали соли равон  дар хатсайри №4  низ фаъолияти микроавтобусҳо манъ карда шуда, хизматрасонӣ тариқи автобусҳои тамғаи АКИА ба роҳ монда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки автобусҳои тамғаи AKIA дорои 26 ҷойи нишаст буда,  таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии онҳо аз дигар  автобусҳо бартарӣ доранд. Дар қисми болои дохили автобус мониторҳои калонҳаҷм насб шудаанд, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мешаванд. Тугмачаи назди дари мобайн бо аломати маъюбон ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки аз наздик шудани худ ба дар ронандаро огоҳ кунанд.

Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади навсозии парки нақлиёти мусофирбарии пойтахт ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ давоми ду соли охир  268 автобуси замонавӣ харидорӣ ва мавриди истифодаи сокинони шаҳр қарор дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати «AKIA»-и Туркия барои харидории  автобусҳо бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ба имзо расида  буд. Дар асоси ин шартнома  марҳила ба марҳила  ба пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе  автобусҳои ширкати мазкур  ворид гардиданд, ки алҳол онҳо  дар хизмати сокинону меҳмонони шаҳр  қарор доранд.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш менамояд, ки  аз хизматрасонии хатсайри автобусии №4 (Терминали Шарқ-Транс — ҶДММ «Маром») истифода баранд», —  илова намуд манбаъ.

Апрель 5, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд