Дар Душанбе китоби «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 29.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе китоби «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ»-ро ба нашр расонид.
Ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асари илмии муҳаққиқи ҷавон – мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз Сайнозимзода бо номи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ» дар нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душганбе аз чоп баромад.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, асари мазкур натиҷаи омӯзиш, пажӯҳиш ва тадқиқоти илмии чандинсолаи муаллиф мебошад, ки оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст.
Тавре муҳаррири масъули китоб, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бахтовар Сафарзода менависад: «Омӯзиш ва таҳлили ин рисолаи воқеан ҳам пурарзиш далолат бар он мекунад, ки муаллиф мавзӯи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз назари илми ҳуқуқ хеле моҳирона ба риштаи таҳлил ва пажӯҳиш кашида, дар он аз сарчашмаҳои илмии боэътимод, дидгоҳу афкор ва назарҳои созандаву пурҳикмати ҳуқуқшиносони ватанӣ ва хориҷӣ ба таври фаровон истифода намудааст».
Бояд гуфт, ки дар китоб моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андешаҳои умумибашариву инсонмеҳваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи паёмҳояшон баён доштаанд, аз назари илмӣ шарҳ дода шудааст.
«Асар метавонад дар самти дақиқ омӯхтан ва воқиф гардидани ҳар шахс аз таърихи пайдоиш ва аҳамияти ҳуқуқии Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва таҷрибаи ҷаҳонии паёмҳои сарварони давлат ба парламент дар дигар мамлакатҳои ҷаҳон мусоидат намояд»,- илова намуд манбаъ.
Китоби мазкур барои истифода ба муҳаққиқону унвонҷӯёни риштаи ҳуқуқ ва дигар қишрҳои ҷомеа тавсия дода мешавад.








«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад






