Дар Душанбе масъалаи ҳамкории марказҳои илмӣ ва воситаҳои ахбори омма муҳокима гардид

Апрель 30, 2019 15:32

ДУШАНБЕ, 30.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон  ба масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм ва дигар таҳдидҳои замони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин нуктаро имрӯз Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода зимни баргузории конференсияи илмӣ дар Душанбе баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конференсияи мазкур, ки таҳти унвони «Ҳамкории марказҳои илмӣ ва воситаҳои ахбори омма дар ташаккули фазои иттилоотӣ: дастовардҳо ва мушкилот» баргузор гардид, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, вазорату идора ва ташкилотҳои ҷамъиятии мамлакат иштирок намуданд.

Зимни конференсия Файзулло Баротзода, аз ҷумла гуфт: «Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистони ноором ҳамсарҳаданд, инчунин ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории фаромарзӣ ва муносибатҳои ҳамаҷонибаи минтақавӣ барои таъмини устувории сиёсӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар манфиатдор аст».

Номбурда зикр намуд, ки чунин иқдом барои ҳифзи фазои иттилоотии мамлакат, баҳогузории дурусти равандҳои сиёсӣ ва пешгирии паҳншавии маводи дорои хусусияти экстремистӣ мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки мисоли бебаҳси ин гуфта баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» мебошад, ки моҳи майи соли сипаригардида дар шаҳри Душанбе доир шуд.

«Дар муқобили таҳдидҳои ҷаҳони муосир муттаҳид намудани имконот, иқтидори ниҳодҳои илмӣ ва воситаҳои ахбори омма на танҳо сабаби ташаккули пурраи фазои иттилоотӣ мегардад, балки бобати пешгирии ин зуҳуроти номатлуб садди ҷиддие ҳам шуда метавонад», — зикр намуд раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода.

Номбурда иброз дошт, ки сиёсати феълии ҷаҳони муосир аз равзанаҳои гуногун идора гардида, дурнамои норавшани инкишофи равандҳо ба вуҷуд омадааст. Дар ин самт фазо ва муҳити иттилоотӣ нақши муассир дорад.

«Воситаҳои ахбори омма ҳамчун як омили созандаи муҳити иттилоотӣ барои ҳар як фард  дар коркарди андешаҳо ва баровардани ҳукму қарор ба таври рӯзафзун мусоидат мекунанд. Онҳо бо фазову муҳити хосса фаъолияти маънавии инсонро дигар намуда, дар ниҳоят мавқеи сиёсиву иҷтимоии ҳар як фардро ташкил медиҳанд », — гуфт  З. Исмоилзода.

Мавриди зикр аст, ки иштирокчиёни конференсия оид ба паҳлӯҳои мухталифи ҳамкории ниҳодҳои илмӣ ва воситаҳои ахбори омма мубодилаи афкор намуда, тавсеа додани онро қобили дастгирӣ  донистанд.

Зимни конфронс директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­­тон Файзулло Баротзода гузориши илмии худро зери унвони «Зарурати ҳамкории марказҳои илмӣ ва васоити ахбори омма дар ташаккули фазои иттилоотӣ» пешниҳод намуд, ки матни он чунин аст:  

Роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир мена­моянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таъсиргузории ақидаҳои ифротӣ асосан аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва мағзшўӣ шудани онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Илова бар ин, Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистони ноором ҳамсарҳаданд, ҳамчунин ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории фаромарзӣ ва муносибатҳои ҳамаҷонибаи минтақавӣ барои таъмини устувории сиёсӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар манфиатдор аст. Чунин иқдомҳо барои ҳифз намудани фазои иттилоотии ҷумҳурӣ, баҳогузории дурусти равандҳои сиёсӣ ва пешгирии паҳншавии маводи дорои хусусияти экстремистӣ мусоидат менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои балан­ди созмонҳои байналмилалӣ суханронӣ намуда, чандин маротиба афзалияти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризми ҷаҳонӣ, аҳамияти тақвияти муколамаи байни фарҳангҳо ва динҳо, эътимоди тарафайн ва зарурати ҳамкории марказҳои дахлдори илмиро дар байни кишварҳо таъкид кардаанд.

Нишондиҳандаи муҳими фаъолияти мақсадноки кишвари мо дар ин самт баргузории Конференсиияи байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Муқовимат бар зидди терроризм ва ифротгароии хушунатомез» 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе мебошад. Роҳбари давлат зимни суханронӣ дар ин Конференсиия зарурати ба роҳ мондани ҳамкориро дар шароити мураккаб ва низоъангези муосир таъкид карда, бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки «тайи солҳои охир муносибатҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар маҷмӯъ, хислати рушду тавсеаи нав касб кардаанд. Ин, дар навбати худ, имкон фароҳам овард, ки кишварҳои минтақа ҳамкориву ҳамоҳангиҳои самарабахшро дар соҳаи амниятӣ дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монанд. Тоҷикистон аз чунин раванди рушди робитаҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқбол менамояд ва омодагии хешро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкорияш дар ин самт бо тамоми кишварҳои ҳамҷавор иброз медорад».

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муассисаи давлатии тадқиқотӣ, иттило­о­ти­ву таҳлилӣ, ташхисӣ ва машваратӣ буда, бевосита доир ба мавзўъҳои зерин:

– таҳлили моҳият ва хусусиятҳои омили динӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба дин;

– анҷом додани тадқиқоти илмӣ доир ба мақом ва нақши ислом дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир;

– гирдоварии маводи илмии марбут ба ислом ва фаъолияти ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани таҳлили иттилоотии он;

– таҳқиқи равияҳои динӣ, моҳият ва хусусиятҳои ҷараёнҳои динии сиёсӣ, падидаҳои терроризм ва экстремизми динӣ дар ҷомеаи муосири исломӣ, таҳлили стратегии таъсири омили исломӣ ба муносибатҳои байналмилалӣ;

– анҷом додани тадқиқоти диншиносии муқоисавии марбут ба омили динӣ ва таъсири мутақобилаи динҳо дар шароити таҳким ёфтани равандҳои глобализатсионӣ;

– пешниҳоди маводи таҳлилӣ, гузоришҳо, тавсияҳо оид ба масъа­ла­ҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибати байни давлат ва иттиҳо­дия­ҳои динӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– омўзиши масъалаҳои марбут ба муколамаи байни динҳо, ноил­шавӣ ба эҳтиром ва таҳаммулпазирии ҳамдигар дар муносибат бай­ни намояндагони диёнатҳои мухталиф ва ғайра корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода, хулосаҳои худро ба роҳбарияти олии кишвар, Ҳукумати ҶТ ва дигар вазорату идораҳо пешниҳод менамояд.

Дар асоси муҳтавои ин вазифаҳо барои тақвияти талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, мақомоти давлатӣ, марказҳои таҳлилию тахас­сусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма дар ташаккули фазои солими иттилоотӣ ва пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротӣ мо мувофиқи мақсад меҳисобем, ки ба таваҷҷуҳи ҳамаи ҷонибҳои манфиат­дор мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳоямон­ро ҷиҳати амалисозии чорабини­ҳои зерин баён дошта бошем:

  1. Ташаккули фазои иттилоотии солим дар ҷомеа тақозо менамояд, ки масъалаи фаврият, зарфият ва баҳогузории дурусти мавод аз ҷониби марказҳои илмӣ ва коршиносони тахассусӣ анҷом дода шавад. Танзи­ми фаъолият ҷиҳати роҳ надодан ба паҳншавии андешаҳои ифротӣ, ба андешаи мо, метавонад ҳамоҳангӣ ва ҳамкории судманди васоити ахбори омма, ниҳодҳои таҳлилӣ ва мақомоти давлатиро беҳтар намояд.
  2. Абзори муҳим барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегияҳои миллӣ оид ба мубориза ба ифротгароӣ ва терроризм таҳияи тадбирҳои омӯзишӣ барои тайёр кардани кадрҳои касбӣ дар соҳаи тарғиботи иттилоотӣ ва пешниҳоди таҳлилҳои мунсифонаи илмӣ шуда метавонад.
  3. Барои дарёфти самаранокии беҳтар баргузор намудани фаъоли­ят­ҳои муштарак ва кумак расонидан ба платформаҳои маҳаллии таҳли­лию тахассу­сӣ ва иттилоотӣ дар мубориза бар зидди идеологияи тундгаро ва андешаҳои ифротӣ тавассути тарҳрезии барнома ва чораби­ни­ҳои муштарак дар сатҳҳои минтақавӣ, миллӣ ва маҳаллӣ зарурати бештар дорад.
  4. Барои ҳамоҳанг кардани фаъолиятҳо мо зарур меҳисобем, ки чораби­ниҳои илмӣ бо инъикоси васеи таҳлилии онҳо дар ВАО доир карда шаванд.
  5. Як омили муҳим барои пешгирии ақидаҳои ифротӣ, ба анде­шаи мо, анъанаи дар тўли асрҳо шаклгирифтаи динӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки бо номи мактаби моваруннаҳрии мазҳаби ҳана­фӣ машҳур аст. Барои баланд бардоштани нақши ин мактаб дуруст роҳан­дозӣ кардани муколамаи муассисаҳои динӣ ва марказҳои илмии киш­варҳои минтақа тақозо мешавад, то ки эҳё ва таҳкими мероси маънавии ин мактаб муяссар ва дастраси шаҳрвандон гардад. Тарғиби ин арзишҳо барои ташаккули фазои солими иттилоотӣ ва роҳ наёфтани маво­ди дорои хусусияти ифротӣ дар васоити ахбори омма мусоидат мекунад.
  6. Барои мониторинги доимӣ ва дарки объективонаи вазъият зарур аст тадқиқоти илмӣ ва сотсиологие гузаронида шаванд, ки вазъи фазои иттилоотиро дар шакли аслии он инъикос менамоянд. Натиҷаҳои чунин таҳқиқот барои тасҳеҳи мунтазам ва такмили стратегияҳои ниҳодҳои дахлдори илмӣ, иттилоотӣ ва қудратӣ дар самти пешгирӣ аз шаклгирии андешаҳои ифротии динӣ муфид хоҳанд буд.

Маркази исломши­носӣ омо­дагии худро барои роҳандозии ҳама гуна шаклҳои созандаи ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо дар доираи имконият ва салоҳиятҳои ойинномавии худ иброз менамояд. Мо боварии комил дорем, ки чорабинии имрӯза барои бознигарии тадбирҳои нави мушта­рак ҷиҳати ташаккули фазои солими иттилоотӣ барои роҳандозӣ намудани ҳамкории марказҳои илмӣ бо ВАО самтҳои муҳимро заминагузорӣ хоҳад кард.

Апрель 30, 2019 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад