Дар Душанбе оид ба намуд, шакл ва шартҳои расонидани кумаки аввалини тиббӣ «Соати парлумонӣ» доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Хайриниссо Юсуфӣ дар мавзӯи «Намуд, шакл ва шартҳои расонидани кумаки аввалини тиббӣ» машварати «Соати парлумонӣ» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат иттилоъ доданд.
Хайриниссо Юсуфӣ иброз намуд, ки мавзўи муҳокимашавандаи имрўза яке аз масъалаҳои муҳим ва рўзмарра ба ҳисоб меравад. Зеро Президенти Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон вобаста ба муроҷиатҳои пайдарпаии шаҳрвандон, аз ҷумла беморон зимни расонидани кумаки аввалини тиббӣ ва ҷой доштани камбудию норасоиҳо дар ин самт изҳори норозигӣ намуданд. “Парлумони мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаанд. Ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» амалӣ гардида истодааст. Ин таҷриба давра ба давра тамоми мамлакатро фаро мегирад”,-зикр намуд Х.Юсуфӣ.
Зир гардид, ки давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд.
Бо вуҷуди пешравиҳо ҳоло низ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кумаки аввалини тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, ба мушоҳида мерасанд.
Дар машварати “Соати парлумонӣ” муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода бо гузориши муфассал баромад намуд. Дар фарҷом аз рӯи масъалаи муҳокимагардида қарори дахлдор қабул карда шуд.








Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ






