Дар мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди «Гӯштини юнону румӣ» дастаи мунтахаби Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24-25-уми апрели соли равон дар толори варзишии Муассисаи давлатии «Маркази омодагии олимпии тимҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди «Гӯштини юнону румӣ» баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ роҳандозӣ гардида, дар он варзишгарони навраси кишварҳои аъзои Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» таҳти шиори «Варзиш – рамзи дӯстии халқу миллатҳо!» қувваозмоӣ намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур ба 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бахшида шуда, дар он варзишгарони наврасу ҷавони солҳои таваллуди 2001-2003 аз кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, инчунин минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Мусобиқа тибқи талаботи қоидаҳои байналмилалии гӯштини тарзи юнону румӣ гузаронида шуда, варзишгарони наврасу ҷавон дар 10 вазн барои ба даст овардани ғолибият бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар маросими тантанавии кушодашавии ин мусобиқаи байналмилалӣ муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Икром Умарзода, сардори Раёсати инкишофи варзиш ва тарбияи ҷисмонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бозоров, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ миёни дастаҳои кишварҳои аъзои Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» соли ҳафтум аст, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва он ҳамасола мухлисону ҳавасмандони зиёдро ба худ ҷалб месозад.
Дар натиҷаи умумии мақомҳои ишғолнамудаи варзишгарон, дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал, дастаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойи дуюм ва дастаи варзишгарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойи сеюми мусобиқаро ишғол намуданд.
Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалҳо, ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишнок мукофотонида шуданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






