Дар Норак оид ба арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва пешгирии омилҳои бегонапарастӣ ҳамоиш доир гардид
НОРАК, 12.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак бо ташаббуси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва иштироки фаъоли занони шаҳр дар мавзӯи «Арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва маҳкум намудани омилҳои бегонапарастӣ» ҳамоиши илмию адабӣ баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба САФАРОВА ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.
Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиш муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ, аъзои Шӯрои куҳансолони Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Латофат Насриддинова, муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рамазон Давлатов сухан гуфтанд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки ваҳдат беҳтарин неъмат, маънии ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат ва наҷоти миллат мебошад. Танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлолияти ватанамонро пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Ҳамчунин меҳмонон оид ба баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, рушди ҳунармандӣ, арҷгузорӣ ва гиромӣ доштани расму оинҳои мардумӣ, либоси миллӣ, забону фарҳанг, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва дар рӯҳияи ифтихори милливу ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ибрози назар карданд.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






