Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави сайёҳии «Сайри гули лола» ташкил шуд

Апрель 6, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 06.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ хатсайри нави сайёҳии «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе ташкил ва ба ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳон пешниҳод шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, хатсайри нав дар заминаи боғҳои фарҳангию фароғатӣ, боғу гулгаштҳо, майдону хиёбонҳо омода гардида, писанди сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад.

Воқеан ҳам имрӯзҳо шаҳри Душанбе ба шаҳри лолаҳо табдил ёфта, хатсайри мазкур аз Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи устод Айнӣ оғоз гардида, тибқи хатсайр боғи назди Бонки миллӣ, лолазори чорроҳаи маркази тиҷоратии «Тоҷикистон», Боғи устод Рудакӣ, композитсияи чакани назди МД «Китобхонаи милли Тоҷикистон», лолазори назди Сирки давлатии Тоҷикистон, боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва дигар боғу гулгаштҳоро фарогир гирифта, аз 25 март то 25 апрел идома меёбад.

Имрӯзҳо ширкатҳои сайёҳӣ тамоми меҳмонон ва гурӯҳҳои сайёҳонеро, ки ба Тоҷикистони биҳиштосо ташриф меоранд, ба тамошо ва сайри гулу гулзорҳо ҷалб менамоянд.

«Минбаъд чунин хатсайрҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ташкил карда мешаванд. Барои тарғибу ташвиқи гули лола роликҳои видеоӣ, навору лавҳа ва расмҳои ҷолиб таҳия гардида, тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуда истодаанд», -илова намуд манбаъ.

Бояд қайд намуд, ки гули лола яке аз гулҳои маъмултарини аввали баҳор буда, зиёда аз 65 намуди он паҳн шудааст ва 25 намуди он дар Тоҷикистон мерӯяд.

Апрель 6, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст