Дар Суғд аввалин гурӯҳи ҳазорнафараи наваскаронро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ гусел намуданд

Апрель 6, 2019 09:43

ХУҶАНД, 06.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  оғоз гардид. Дар ин робита имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар маъракаи гусели нахустин гурӯҳи наваскарон идома дорад. 

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ Ховар, 5 апрел дар Қасри варзиши маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз панҷ ҳазор иштирокчӣ маросими тантанавии гусели аввалин гурӯҳи ҳазорнафараи наваскарон-ихтиёриён аз шаҳру ноҳияҳои шимоли кишвар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат доир гардид.

Дар маросими тантанавӣ масъулин аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони комиссариати ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони меҳнат, фаъолону ҷавонон ва волидайни наваскарон  иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд  Раҷаббой Аҳмадзода ба даъватшавандагон роҳи сафеду хизмати бобарор таманно карда, зикр намуд, ки «хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб рафта, он барои насли наврас муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Имрӯзҳо шароити буду боши хизмати аскарон дар қисмҳои низомӣ пайваста дар мадди назари Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон қарор дошта, дар ҳамаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароити мусоиди ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир барои хизмати ҷавонон муҳайё карда шудааст».

Дар ҷамъомад инчунин бо ҳузури даъватшавандагон ва модарони онҳо анъанаи мардумии «нонгазон» сурат гирифта, барномаи ҷолиби фарҳангӣ хотири ҳозиринро болида сохт.

Бояд зикр намуд, ки ҳамасола ба қисмҳои ҳарбии мамлакат дар маъракаи даъват аз вилояти Суғд беш аз ду ҳазор нафар ҷавонон  сафарбар мешаванд.

Апрель 6, 2019 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд