Дар Тирмиз ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид

Апрель 3, 2019 17:55

ДУШАНБЕ, 03.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрели соли 2019 дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, иҷрои супоришҳои роҳбарони олии ду кишвар оид ба таҳким ва густариши ҳамкории бисёрҷабҳа байни кишварҳои бародари Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Манфиатдории тарафайн ҷиҳати фаъолгардонӣ ва вусъат додани ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, фарҳангию гуманитарӣ, кишоварзӣ ва об, сайёҳӣ ва дигар самтҳо таъкид гардид.

Созиши мутақобила оид ба андешидани чораҳои мувофиқашудаи минбаъда ҷиҳати таъмини афзоиши ҳаҷми табодули маҳсулот, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли молҳои саноати сабук ва дар самти агросаноатӣ, инчунин идома ва густариши корҳои муштарак дар соҳаи гидроэнергетикӣ ҳосил шуд.

Тарафҳо ҷонибдории хешро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои наздисарҳадӣ, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ байни минтақаҳои ду кишвар, инчунин вусъат додани робитаҳо байни доираҳои илмиву фарҳангӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳор намуданд.

Дар фарҷоми нишаст Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расид.

Апрель 3, 2019 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд