Даъвати баҳорӣ дар Рашту Сангвор: сафарбаркунии фарзандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ вазифаи муҳимтарини волидайн аст
РАШТ, 11.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи якуми гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории маросими тантанавӣ дар ноҳияи Рашт 65 нафар ва дар ноҳияи Сангвор 12 нафар ихтиёриёнро барои хизмат ба Ватану миллат сафарбар намуданд.
Муовини раиси ноҳияи Рашт Зумрад Лоиқова иброз намуд, ки «роҳнамоӣ ва сафарбаркунии фарзандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ вазифаи муҳимтарини волидайн мебошад. Чунки Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки ҳайати он дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия ёфта, дорои низоми қавӣ аст, такягоҳи боэътимоди давлат ва миллат мебошанд.
Манфиати давлат аз манфиати ҷомеа ва халқ сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз, ҳимояи манфиатҳои миллии давлат аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҷавонони тоҷик мебошад. Аз ин хотир ҷавононро зарур аст, ки аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ худро канор нагиранд ва ба қадри тинҷию оромии кишвар ва пешрафти вазъи иқтисодии мамлакат расида, Ватанро ҳимоя кунанд».
Наваскарони ноҳияҳои мазкур гуфтанд, ки «хизмат ба Модар-Ватанро вазифаи муқаддас мешуморем, зеро он рисолати бузурги ҷавонмардӣ, оини ватандорию нангу номуси ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ мо, ҷавонон бо ҷасорат ва мардонагии хеш дар таҳкими сулҳу суботи сартосарии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузорем».








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






