«Фарҳанг ва санъат» ба Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуд

Апрель 5, 2019 10:50

 ДУШАНБЕ, 05.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи  илмии «Фарҳанг ва санъат»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар асоси қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хулосаи Шӯрои экспертӣ аз 3 апрели соли 2019 ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ворид карда шуд. Дар ин бора аз  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, маҷаллаи мазкур  аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2001, бо номи «Олами ҳунар» номнавис шуда, то соли 2017 даҳ шумораи он ба табъ расидааст.  Шурӯъ аз соли 2017 маҷаллаи  «Олами ҳунар» ба нашрияи «Фарҳанг ва санъат» табдили ном кард.

Дар маҷаллаи «Фарҳанг ва санъат» натиҷаҳои илмию пажӯҳишии рисолаҳои илмии дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм нашр мегарданд. Дар маҷалла мақолаҳои илмии омӯзгорону профессорон, магистрон, аспирантон ва доктор (PhD) — и донишкада, инчунин дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нашр расонда мешаванд.

Маҷалла   дар як сол 4 маротиба аз чоп баромада, он аз се бахши илмӣ: фарҳангшиносӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, санъатшиносӣ — (мусиқӣ, театр, кино, санъати тасвирӣ, рақс, хореография) ва китобдорӣ — иттилоотӣ ва рӯзноманигорӣ иборат мебошад. Ҳамаи мақолаҳои илмии аз ҷониби муаллифон пешниҳодшуда ба аъзои ҳайати таҳририяи маҷалла ва дигар муҳаққиқони дорои дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илм барои тақриз супурда мешаванд. Ба муаллифон нусхаи тақризи манфӣ бо нишон додани сабабҳои чоп нагардидани мақола ирсол мегардад.

Апрель 5, 2019 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид