Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон дар Москва ифтитоҳ гардид

Апрель 16, 2019 13:00

ДУШАНБЕ, 16.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи ҷавонон аз Тоҷикистон ва Россия расман ифтитоҳ гардид.

Дар кори Форум раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Агентии федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия Александр Бугаев бо ҳайати намояндагии Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд, зимни ифтитоҳи Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳасанаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Россия барои густариши ҳамкории Тоҷикистону Россия заминаи мусоид фароҳам оварда, имрӯз ҳамкории ин ду кишвари дӯсту бародар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода иброз намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои татбиқи босамари сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва густариши ҳамкории байналмилалӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Александ Багаев аз иштироки фаъолонаи ҷавонони Тоҷикистон дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ ва дуҷонибаи Россияву Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати татбиқи як зумра  лоиҳаҳо ва баргузории чорабиниҳои муштарак изҳори назар намуд.

Дар доираи Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон миёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Апрель 16, 2019 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон