ФУТБОЛ: ду бозии аввали даври дуюм дар Лигаи олӣ бо ғалабаи соҳибони майдон анҷом ёфтанд
ДУШАНБЕ, 12.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ду бозии даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бо ғалабаи соҳибони майдон анҷом ёфтанд. «Истиқлол» бар «Хатлон» ва «Истаравшан» бар «Хуҷанд» пирӯз омаданд. Шореҳи АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ шарҳ медиҳад.
Бозии марказии даври дуввуми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ маҳз вохӯрии байни дастаҳои “Истаравшан” ва “Хуҷанд” ба ҳисоб мерафт, зеро дар солҳое, ки “Истаравшан” дар Лигаи олӣ иштирок менамуд, шиддати мубориза байни ин дастаҳо ба арши аъло мерасид. Шумораи мухлисони ба варзишгоҳ омада дар бозии дирӯза 15 000 нафарро ташкил дод, ки ин нишондод рекорди нави Тоҷикистон дар мавсими нави футбол мебошад.
Ҳамлагари дастаи “Истаравшан” Бахтовар Зокиров дар ду бозии аввал таваҷҷуҳи мураббиёну мухлисонро ба худ ҷалб мекунад. Ӯ дар бозии даври аввал ба дарвозаи дастаи “Панҷшер” аввалин тӯбашро ба самар расонида, дар дидор бо дастаи “Хуҷанд” муаллифи ду тӯб гардид. . Дар натиҷа бозӣ бо аввалин ғалабаи “Истаравшан” бо ҳисоби 2:1 дар мавсими нав ба анҷом расид.
Дар бозии дуюми рӯз “Истиқлол” дар майдонаш дастаи “Хатлон”-ро қабул кард. Футболбозони шаҳри Бохтар дар ду бозии аввали мавсими нав бо ду дастаи беҳтарини кишвар –“Хуҷанд” ва “Истиқлол” вохӯриҳои худро анҷом доданд, ки барояшон ниҳоят душвор буд. Дар натиҷа “Бохтар” бо натиҷаи 3:1 аз чемпиони феълӣ мағлуб гардид. Алишер Ҷалилов аввалин тӯби худро дар Чемпионати Тоҷикистон расман аз дастаи “Истиқлол” ба нишон расонд. Шериддин Бобоев –нишонзани беҳтарини мавсими соли гузашта ба задани тӯби дуввуми худ ноил гардид. Дуюмин худголро дар бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон Алишер Баротов аз дастаи “Хатлон” ба номи худ сабт кард. Як голи меҳмононро Худойдод Узоқов ба дарвозаи Никола Стошич равон кард.
Баъди ду давр “Истиқлол”-и Душанбе бо 6 имтиёз ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқот баромад. Даври дуввум имрӯз ва пагоҳ бо бозиҳои КМВА “Помир” бо “Панҷшер” ва “Регар-ТадАЗ” бо “Кӯктош” ба анҷом мерасад.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2
«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 2:1
Голҳо: Бахтовар Зокиров, 27 (1:0). Манучеҳр Ахмедов, 39 (1:1). Бахтовар Зокиров, 45+1 (2:1).
«Истаравшан» (Истаравшан): Қурбоналӣ Бобоев, Қаҳрамон Ҳомидов, Фирӯз Қараев, Азизҷон Шамсиев, Тулқинҷон Умаров, Ҷамшед Ҳасанов (Бахтиёр Абдураҳмонов, 90+1), Абдураҳмон Қурбонов (Насим Расулов, 74), Диловар Бойқузиев, Отабек Каримов, Бахтовар Зокиров (Мухаммадали Азизбоев, 83), Илхомҷон Баротов.
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Давид Купатадзе, Манучеҳр Ахмедов, Давронҷон Эргашев, Асилҷон Бегимқулов, Фирдавс Чақалов, Дилшодҷон Каримов, Комрони Мирзонажод, Бахтиёр Чориев, Ҷахонгир Эргашев, Дилшод Восиев, Турсуналӣ Рустамов (Дилшод Бозоров, 63).
Огоҳӣ: Илҳомҷон Баротов, Қаҳрамон Ҳомидов, Диловар Бойқузиев («Истаравшан»), Давид Купатадзе («Хуҷанд»).
Бозингари беҳтарин: Бахтовар Зокиров («Истаравшан»).
Довар дар майдон: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
Нозири доварон: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Субҳон Хӯҷамов (Душанбе).
11 апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 15 000 тамошобин.
«Истиқлол» – «Хатлон» – 3:1
Голҳо: Алишер Ҷалилов, 8 (1:0). Шериддин Бобоев, 45+2 (2:0). Алишер Баротов, 57 – худгол (3:0). Худойдод Узоқов, 63 (3:1).
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Ҷалил Кимсанов, Аҳтам Назаров (Шаҳром Сулаймонов, 58), Бахтиёр Қаландаров, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Муҳаммадҷон Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов (Амирбек Ҷӯрабоев, 59), Шериддин Бобоев, Руслан Корян (Шаҳром Самиев, 62).
«Хатлон» (Бохтар): Шаҳром Исмоилов, Алишер Баротов (Ҳусейн Нурматов, 60), Эраҷ Раҷабов, Равшан Азизов, Муҳаммад Насков (Алишер Салимов, 70), Маҳмадалӣ Содиқов, Парвиз Ахунов (Умарҷон Шарифов, 86), Худойдод Узоқов, Сорбон Авғонов, Нуриддин Ҳамроқулов, Абдухалил Боронов.
Огоҳӣ: Эҳсони Панҷшанбе, Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Худойдод Узоқов, Муҳаммад Насков, Равшан Азизов («Хатлон»).
Бозингари беҳтарин: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).
Довар дар майдон: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
Нозири доварон: Насриддин Азизов (Кубодиён).
Комиссари бозӣ: Азизҷон Достиев (Турсунзода).
11 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.
13 апрел
Оғози бозӣ, соати 16:00
КМВА «Помир» – «Панҷшер»
Довар дар майдон: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Нозири доварон: Рустам Абдуллоев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Анваршо Мирзоев (Душанбе).
Душанбе, Варзишгоҳи КМВА –и Вазорати мудофиа
14 апрел
Оғози бозӣ, соати 16:00
«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»
Довар дар майдон: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Нозири доварон: Равшан Ишматов (Бохтар).
Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).
Турсунзода, Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
Нишонзанҳои беҳтарин: Бахтовар Зокиров («Истаравшан») – 3 тӯб, Абдурасул Раҳмонов («Кӯктош»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Шериддин Бобоев (аз «Истиқлол») – 2









Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод






