Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Туркия робитаҳоро густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 12.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон-Туркияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси ин гурӯҳ – муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Баҳром Абдуалимов бо даъвати ҷониби Туркия рӯзҳои 9-12 апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ дар шаҳри Анқара қарор доштанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар доираи сафар мулоқотҳои ҳайат бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафа Шентоп, Раиси Кумитаи саноат, тиҷорат, энергетика, захираҳои табиӣ, илм ва технологияи Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафа Элиташ ва Раиси Гурӯҳи дустии байнипарлумонии Туркия-Тоҷикистон Аҳмед Узер баргузор гардиданд.
Зимни мулоқотҳо ҷонибҳо ба зарурати афзоиши тамосҳо, сафарҳои ҳайатҳои парлумонӣ ба кишварҳои ҳамдигар ва табодули таҷриба дар ин самт таъкид намуданд. Тарафҳо ҳамзамон нақши гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ду кишварро дар раванди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва ба таври умум ҳамкориҳои байнипарлумониро ба сифати омили муҳими густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Туркия хонда, хостори густариши бештари ҳамкориҳо миёни намояндагони парлумонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамзамон дар робита ба ҳолати муносибат ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия табодули афкор намуданд.
Ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Маҷлиси намояндагон ҳамчунин рӯзҳои 11-12 апрели соли ҷорӣ аз шаҳри Истанбул дидан намуда, бо роҳбарияти Муассисаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEİK) мулоқотҳо анҷом доданд.








Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ






