Имрӯз дар Москва ҷаласаи пленарии Конфронси 7-уми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон баргузор мегардад

Апрель 17, 2019 09:31

ДУШАНБЕ, 17.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москва дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия дар Маркази тиҷорати байналмилалӣ ҷаласаи пленарии Конфронси 7-уми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон доир мегардад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шаҳри Москва иттилоъ медиҳад, интизор меравад дар оғози ҷаласаи пленарӣ паёмҳои шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба иштирокдорони Конфронси 7-уми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон қироат гарданд.

Дар ин ҷаласа ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Россия иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи Конфронси 7-уми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон, ки 16 апрел дар шаҳри Москва оғоз гардид, форумҳои ҷавонон ва сайёҳӣ, мизҳои мудаввар дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, логистика, саноат, сармоягузорӣ ва тиҷорат» ва «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу фарҳанг» баргузор гардиданд. Дар ҷараёни онҳо мавзӯъҳои муҳими самтҳои калидии ҳамкории ду давлат баррасӣ шуданд.

Имрӯз дар фарҷоми ҷаласаи пленарии Конфронси 7-уми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон дар назар аст, ки як зумра  созишномаҳои ҳамкорӣ дар самти тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расонида шаванд.

Апрель 17, 2019 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон