КӢ ТЕЗТАР БА МАРРА МЕРАСАД? Дар Душанбе Ниммарафони X байналмилалӣ баргузор мегардад

Апрель 15, 2019 11:35

ДУШАНБЕ, 15.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, 20 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе  Ниммарафони X байналмилалӣ    баргузор мегардад. Бо Тафсилоти бештар аз шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН.  

Тавре   мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва  варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар мусобиқаи   мазкур   беҳтарин варзишгарон аз қитъаҳои Осиё ва Аврупо иштирок  менамоянд.То имрӯз зиёда аз 18 нафар  варзишгарон  аз   Эфиопия, Кения, Украина, Қирғизистон,  Қазоқистон ва Ӯзбекистон   номнавис шудаанд.

Ба иттилои номбурда,  Ниммарафони X байналмилалӣ, ки ба ифтихори Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад, масофаи 21 километру 97 метрро дар бар мегирад. Он аз «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шурӯъ шуда, дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ ба поён мерасад.

Қобили зикр аст, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе мақоми байналмилалӣ гирифта,  ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур  шомил карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  Ниммарафони IX байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки  21 апрели соли 2018  дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, бо пирӯзии Тефера Гоза аз Эфиопия ва Даря Маслова аз Қирғизистон ба поён расид.

Дар Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе тақрибан 50 нафар варзишгарон аз 18 кишвари олам  ширкат  намуданд. Ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар гирифт, аз «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шурӯъ шуда, дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ ба поён расид.

Бояд зикр кард, ки дар Ниммарафони IX байналмилалӣ дар сабқати мардона Тефера Гоза аз Эфиопия бо натиҷаи 1 соату 9 дақиқаю 3 сония мақоми аввалро касб кард. Маана Ретер Курушбу аз Кения (1:05,05) мақоми дуюм ва Фенте Гирша аз Эфиопия (1:05,39) мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Адилет Киштанбеков (Қирғизистон, 1:07,05) ҷойи чаҳорум, Иля Тапкин (Қирғизистон, 1:07,15) ҷойи панҷум ва Андрей Петров (Ӯзбекистон, 1:08,27) ҷойи шашумро ишғол карданд.

Дар сабқати занон Даря Маслова аз Қирғизистон бо натиҷаи 1 соату 13 дақиқаю 38 сония мақоми аввалро касб намуд.  Мария Хмелнитская  (Ӯзбекистон, 1:16,05) мақоми дуввум ва Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон, 1:14,19) мақоми севвумро соҳиб шуданд. Александра Шафар (Украина, 1:17,53) ҷойи чаҳорум, Мария Коробитеная (Қирғизистон, 1:18,54) ҷойи панҷум ва Мурунги Бетти Касамбӣ (Кения, 1:20,55) ҷойи шашумро гирифтанд.

Варзишгарони тоҷик дар  Ниммарафони IX байналмилалӣ аз ҷоизаҳо бенасиб монданд. Бояд гуфт, ки натиҷаҳои беҳтарини варзишгарони тоҷик дар нуҳ даври ниммарафони байналмилалӣ ҷойҳои чоруми Ҳасан Ғаффоров (солҳои 2013 ва 2016) байни мардон ва Надима Мирзоева (соли 2010 ) миёни занон мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки аввалин бор Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе ба масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2009 баргузор гардида буд.

Апрель 15, 2019 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд