Кумитаи доварони ФФТ: ба довари вохӯрии байни дастаҳои «Хатлон»-у «Истаравшан» ва дарвозабон Шаҳром Исмоилов ҷарима таъйин карда шавад

Апрель 24, 2019 09:09

ДУШАНБЕ, 24.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи доварони ФФТ дар ҷаласаи худ, ки дирӯз баргузор гардид,  масъалаи ба хатогӣ роҳ додани довари вохӯрии байни дастаҳои Лигаи олӣ –«Хатлон» ва «Истаравшан»  Гулмуроди Саъдуллоро дар вохӯрии даври сеюми Чемпионати  мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода, ҳукми худро содир кард. Гулмуроди Саъдулло дар дақиқиаи 55-уми бозӣ барои қоидавйронкуниро дар назди дарвозаи «Хатлон»  мушоҳида накардан ва ба дарвозабони ин даста  — Шаҳром Исмоилов, ки бо мушт ба рӯи бозингари «Истаравшан» зада буд, ҷазо (корт) надодан  аз се даври бозиҳо маҳрум карда шуд. Инчунин ёвари довар Ҳасан Каримов бо ин сабаб аз ду даври бозиҳо дар канор шуд.

Кумитаи доварон баъди тамошои видеонаворҳои ин вохӯрӣ ба чунин қарор омад.

Кумитаи одоби ФФТ низ нисбат ба  дарвозабони дастаи «Хатлон» Шаҳром Исмоилов қазияи худро ба тасвиб расонд. Шаҳром дар асоси вайрон кардани моддаи  7, банди 24-и Кодекси одоби ФФТ дар вохӯрии зикршуда  (21-уми апрел) барои   дидаю дониста ба ҳариф зарба задан аз иштирок дар се вохӯрӣ дар  Чемпионат маҳрум карда шуда, ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Ҳамчунин менеҷери дастаи «Хатлон» Иброҳим Валиев, сардори ин даста  Ҳикматулло Шамсиддинов  барои таҳқири доварон ва комиссари вохӯрии байни дастаҳои «Хатлон» ва «Истаравшан» тибқи Кодекси одоби ФФТ (моддаи 6. Банди 2) аз ҳаққи иштирок дар се бозӣ маҳрум шуда,  ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуданд.

Дастаи  «Хатлон» низ  барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ  (моддаи 5, банди 12) дар вохӯрии мазкур   бо супоридани ҷарима ба маблағи 2000 сомонӣ муҷозот шуд.

Кумитаи одоби ФФТ ҳамчунин ба мураббии дастаи ҷавонони «Истаравшан»  Маҳмуд Бобоев барои таҳқири доварон (20-уми апрел, бозии ҳайати ҷавонони «Хатлон» ва «Истаравшан»)  ҳукми аз се вохӯрӣ маҳрум  ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима шуданро раво донист.

Бояд илова намуд, ки дастаи «Кӯктош» низ барои иҷро накардани шарту талаботи Дастури мусобиқа тибқи моддаи 7, банди 13-и Кодекси одоби ФФТ  оид ба талабот ба дастаҳо ва варзишгоҳҳо дар вохӯрии байни дастаҳои «Кӯктош» ва КМВА «Помир» (6-уми апрел) ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Апрель 24, 2019 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд