Лолазори шафати Бонки миллӣ- яке аз мавзеъҳои дилрабои пойтахт барои сайругашти шаҳриён ва меҳмонон

Апрель 4, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 04.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади  сазовор истиқбол намудани ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани озмуни «Сайри гули   лола» дар партави ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ ва сабзазоркунии муҳити атроф  дар Бонки миллии Тоҷикистон корҳои ободонӣ, тозаву озода намудани назди биноҳои маъмурӣ, кӯчаву хиёбонҳо, сабзу хуррамгардонии гулгаштҳо, шинонидани гулу дарахтони ороишиву ҳамешасабз  бомаром идома дорад.

Раванди корҳо дар самти ниҳолшинонӣ, бо тарҳи мувофиқ ороиш додани дарахтони ҳамешасабз, нарму омода намудани замину гулгаштҳо ва шинонидани гулҳои  гуногунранг дар назди биноҳои маъмурии Дастгоҳи марказӣ, шуъбаҳои минтақавӣ ва марказҳои таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии  мамлакат  ба анҷом расонида шудааст.

Барои ободу зебо гардонидани назди биноҳои маъмурии БМТ дар хиёбони Рӯдакӣ, ки дар шафати хатсайри протоколӣ ҷойгиранд, зиёда аз 15 ҳазор дона гули лола ва 12 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, насби кӯзаҳои декоративӣ бо гулҳои мавсимӣ (алпенария) амалӣ карда шудааст.

Айни замон гулҳои лола дар ҳолати хуби нашъунамо қарор дошта, гулгашти мазкур мавзеи хушманзар ва дилрабо барои истироҳат ва сайругашти сокинону меҳмонони пойтахти кишварамон гардидааст. Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тадбири мазкур ҳамзамон дар шуъбаҳои минтақавӣ ва марказҳои таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Гулистон ва Варзоб амалӣ карда шудааст.

Мусаллам аст, ки бо мақсади саҳмгузорӣ дар ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон парвариши гулҳои гуногуни мавсимӣ ва қаламчаи гули садбарг дар замину гармхонаҳои дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон  ба роҳ монда шудааст.

То ин муддат барои ободонии  шаҳри Душанбе беш аз 45 ҳазор дона буттаҳои гули садбарг ва 75 ҳазор дона гулҳои гуногунранги мавсимӣ дар гулгашту хиёбонҳои пойтахт шинонида шудаанд.

Апрель 4, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд