Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи «Внуково-2»-и шаҳри Москва

Апрель 16, 2019 17:56

ДУШАНБЕ, 16.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи «Внуково – 2»-и шаҳри Москва баргузор гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Россия гарму самимӣ пазироӣ карданд.

Барои истиқболи шоиста майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, Ротаи қаровули фахрии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи гарнизони Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста буд.

Баъди гузориши Фармондеҳи Ротаи қаровули фахрӣ ба меҳмони олиқадр дар ҳамин ҷо сурудҳои миллии ду давлат навохта шуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузаштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назди ротаи фахрӣ ва эҳтиром ба ливои ротаи фахрӣ, гузашти тантанавии қаровули фахрии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ аз назди меҳмони олимақом ба поён расид.

Маросими истиқболи расмӣ дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва 16.04.2019

Апрель 16, 2019 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд