Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Тсишан

Апрель 28, 2019 10:18

ДУШАНБЕ, 28.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел дар шаҳри Пекин дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми сатҳи баланди ҳамкориҳои байналмилалӣ “Як камарбанд, як роҳ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Тсишан мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва Ҳукумати Чин барои даъват ҷиҳати иштирок дар кори Форум ва истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бисёр арсаҳои барои Тоҷикистону Чин судманд, аз ҷумла татбиқи муштараки иқдому ташаббусҳои “Як камарбанд, як роҳ”, “Роҳи иқтисодии Абрешим”, иштироки Чин дар рушду пешрафти кишвари мо ва сармоягузории татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ баррасӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Чин — дӯстони нек, ҳамсояҳои хуб ва шарикони боэътимоди стратегӣ мебошанд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” барои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун заминаҳои мусоид фароҳам меоранд. Ин ду стратегияи муҳим вазифаҳои монандро дар бар гирифта, татбиқи онҳо муносибатҳои Тоҷикистону Чинро таҳкиму густариш хоҳанд дод.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима гардид.

 

Апрель 28, 2019 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд