Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт — зодагони Тоҷикистон

Апрель 16, 2019 22:45

ДУШАНБЕ, 16.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт — зодагони Тоҷикистон, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот анҷом доданд.

Бояд хотиррасон кард, ки зимни ҳар як сафар ба Федератсияи Россия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, зодагони Тоҷикистон вохуриҳои судманду созанда анҷом медиҳанд.Чунин вохуриҳо қаблан дар шаҳрҳои Қазон, Москва, Челябинск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия бо ҳамватанони муқими кишвари паҳновари Росссия доир шуда буд.

Бо гузашти айём имрӯз нуфузу эътибори тоҷикон дар Федератсияи Россия рӯ ба болоравӣ дорад. Дар зиёда аз 70 минтақаи Россия бомуваффақият фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон гувоҳи возеҳи торафт баланд шудани обрӯи онҳо мебошад.

Чунонки аз рафти сӯҳбат маълум гашт, аксари мушкилоте, ки дар мулоқотҳои пешин зикр мегардиданд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ҳалли худро ёфтаанд.

Зимни ин сафар низ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон, донишомӯзии донишҷуёни тоҷик ва вазъи муҳоҷирати меҳнатиро дар Федератсияи Россия муҳокима карданд.

Мулоқот бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт - зодагони Тоҷикистон 16.04.2019

Апрель 16, 2019 22:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд