Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Сарвазири Давлати Қатар

Апрель 8, 2019 13:50

ДУШАНБЕ, 08.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Давҳа вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сарвазир – Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ баргузор шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи олии робитаҳои сиёсӣ, фаъолшавии ҳамкорӣ байни вазоратҳои соҳавии ду кишвар ва инчунин заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо, ки барои густариши ҳамкории гуногунҷанба ва мутақобилан судманд фароҳам шудаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ ва сармоягузории Давлати Қатар ва иқтидори иқтисодии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, бонкдорӣ ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Шукурҷон Зуҳуров ва Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ ҳамчунин атрофи таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амнияти минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи рушди устувор гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Апрель 8, 2019 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ