Нимаи дуюми моҳи апрел дар ҷумҳурӣ бориши борон тибқи меъёри муқаррарӣ ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 17.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи огоҳиномаи Агентии обу ҳавошиносии Тоҷикистон, нимаи дуюми имрӯз дар як зумра минтақаҳо боридани борон қатъ гардида, ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Танҳо дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фаридун Ахмедов хабар дод.
Бино ба гуфтаи номбурда, нимаи якуми моҳи апрел боришот аз меъёри муқаррарӣ зиёд пешгӯӣ шуда буд. Нимаи дуюми моҳи апрел боришот аз рӯи меъёри муқаррарӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ба зикри сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, сабаби боридани боронҳои шиддатнок дар шабонарӯзи гузашта- ин ворид гардидани ҳаракати бӯронии ҷанубие мебошад, ки бо худ анбӯҳи ҳавои намнок меоварад.
«Дар асл моҳи апрел моҳи сербориш мебошад. Аз ин рӯ дар ин моҳ боронҳои даргузар пешгӯӣ карда мешаванд»,- мегӯяд Фаридун Ахмедов.








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






