Паҳлавонони маъруфи тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 12.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 23 апрел дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонҳои маъруфи тоҷик иштирок мекунанд.
Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар чемпионати имсола 9 нафар паҳлавонони шинохтаи тоҷик- Муҳаммадризо Қувватов (-60кг), Ёқубҷон Боқиев (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Саидҷалол Саидов (-100кг), Темур Раҳимов (+100кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош хоҳанд кард.
Бояд зикр кард, ки дар Чемпионати Осиё иштироки 292 нафар варзишгар (181 мард, 111 зан) аз 39 давлати қора дар назар аст. Варзишгарон аз рӯи 14 категорияи вазнӣ – 7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон ва қувваозмоии даставии омехта барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Варзишгарон барои иштирок дар ин чемпионат сазовори холҳои олимпӣ мегарданд. Варзишгароне, ки ҷои аввалро ишғол менамоянд, соҳиби 350 холи олимпӣ хоҳанд шуд, барои ҷои дуюм 245, барои ҷои сеюм 175, барои ҷои панҷум 126, барои ҷои ҳафтум 61 хол пешбинӣ шудааст. Варзишгароне, ки дар даври аввал ба бохт дучор мешаванд, соҳиби 3 хол мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ду чемпионати гузаштаи солҳои 2017, 2018 паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ба унвони чемпионӣ даст ёфта буд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






