Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони расонаҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба анҷом доданд

Апрель 22, 2019 08:47

ДУШАНБЕ, 22.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони шабакаи телевизиони “Сиситивӣ” (CCTV-русӣ), рӯзноманигорони Агентии иттилоотии “Синхуа” ва нашрияи бонуфузи “Женмин Жибао”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба анҷом доданд.

Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои наздик ва шарикони боэътимоди стратегӣ мебошанд. Самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ташкил медиҳад. Ҳар ду ҷониб дар арсаи байналмилалӣ ҳамкории босамарро ба роҳ монда, аъзои ташкилотҳои бонуфузи олам, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз роҳбарони ташаббускори ҳалли мушкилоти байналмилалию минтақавӣ, инчунин саҳмгузори рушди муносибатҳои ҳамкории кишварҳои аъзо мебошад.

Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдории худро оид ба рушду густариш ва таҳкими муносибатҳо бо Чин дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи ҷонибҳо бар нафъи аҳли башар иброз медоранд. Аз ҷумла, кишвари мо ҷиҳати рушду тавсеаи бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи ташаббуси таърихии “Як камарбанд-як роҳ” ва эҳёи “Роҳи бузурги абрешим” ҳавасмандии зиёд зоҳир намуд.

Бо дарназардошти мавқеъи муҳимму устувори кишвари мо дар амалӣ кардани ҳадафи ояндадори ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ” хабарнигорони шабакаҳои бонуфузи иттилоотии Чин қабл аз баргузории ҳамоиши сарони давлатҳои Тоҷикистон, Чин ва дигар кишварҳои иштирокчии ин иқдом дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе мусоҳиба анҷом доданд.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва афзалияти ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ” дар таъмини рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, дар бораи аҳамияти баргузории ҳамоиши сарони давлатҳо, вазъи феълии муносибатҳои дӯстию ҳамкории кишварҳои шарики стратегӣ — Тоҷикистону Чин, саҳми Тоҷикистону давлати ҳамсоя дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардумони ду кишвар, инчунин дигар самтҳои равобити дуҷониба, ба саволҳои хабарнигорони Чин посухҳои мушаххасу пурмуҳтаво доданд.

Мавриди зикр аст, ки мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони чинӣ дар Шабакаи телевизиони ССТV-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар сомонаҳои интернетӣ, Агентии иттилоотии “Синхуа”, дар рӯзномаи калонтарини Чин “Жэнмин Жибао” ва дигар васоити ахбори омма ба таври васеъ инъикос гардид ва то имрӯз аллакай миллионҳо нафар аз мазмуну муҳтавои ин суҳбат огаҳӣ пайдо карданд.

Мусоҳиба бо хабарнигорони расонаҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин

Апрель 22, 2019 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд