РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД. Имрӯз дар шаҳри Душанбе 100 нафар профессорон ва табибони баландпоя шаҳрвандонро аз ташхиси ройгон гузарониданд

Апрель 6, 2019 11:12

ДУШАНБЕ, 06.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии саломатӣ, ки 7 апрел таҷлил карда мешавад,  бо ташаббуси  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология»- и шаҳри Душанбе «Рӯзи дарҳои кушод»  доир карда шуд.   Беш аз 100 нафар профессорон ва мутахассисони баландпояи соҳаи тандурустӣ ва устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино шаҳрвандонро аз ташхиси ройгон гузарониданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Маркази ҷумҳуриявии «Ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Мухторова иброз намуд, дар давоми солҳои истиқлолият Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ, пешрафти он ва ҳарчи бештар фаро гирифтани мардум ба хизматрасонии тиббӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ таваҷҷӯҳи махсус  зоҳир мекунад. Пӯшида нест, ки солҳои охир дар маркази мамлакат, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беморхонаҳои зиёде сохта  ба истифода дода шудаанд. Тамоми ин беморхонаҳо бо навтарин технологияи тиббӣ таҷҳизонида шудаанд. Дар деҳот  бунгоҳҳои зиёди тиббӣ  ба кор даромаданд. Ҳамаи ин ба хотири бештар фаро гирифтани аҳолӣ ба хидмати тиббӣ ва мустаҳкам намудани саломатии сокинони кишвар мебошад.

«Ҳукумати мамлакат моҳи октябри соли 2010 «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020»-ро қабул намуд. Ин барнома дар баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ нақши босазо бозид. Моҳи марти соли 2017 бо фармоиши Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ «Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масалаҳои саломатӣ» қабул гардид. Ин дастур дар доираи амалӣ намудани Стратегияи миллии солимии аҳолии мамлакат таҳия гардидааст. Ҳадафи асосии дастури мазкур бештар ҷалб намудани аҳолӣ ба масъалаҳои саломатӣ ва  бо ин роҳ муайян кардани бемориҳо ва табобати онҳо мебошад», — гуфт Парвина Мухторова.

Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон  доир  мегардад. Ҷиҳати  пешгирии бемориҳо дар байни аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар ташхисҳо ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ)   дар саросари ҷаҳон ҳамасола 7 апрел    Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана  ҳамасола   дар тамоми муассисаҳои саломатӣ «Рӯзи дарҳои кушод» гузаронида  мешавад.

                                                                  Холиса АСОМИДДИН,
                                                                           АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2019 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд