Роҳандозии хатсайри ҳавоӣ байни Душанбе- Давҳа дар мулоқоти раисони парлумонҳои Тоҷикистон ва Қатар матраҳ гардид

Апрель 9, 2019 16:30

 ДУШАНБЕ,09.04.2019/АМИТ«Ховар»/. Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Аҳмад ибни Абдуллоҳ Олӣ Маҳмуд  9 апрел дар Давҳа баррасӣ гардид.

Мусоҳибон аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба ва дӯстонаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки тамосҳои мунтазами роҳбарони олии ду кишвар-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Олӣ Сонӣ заминаи мусоидро барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба ва мутақобилан судманд фароҳам овардаанд.

Ш. Зуҳуров афзуд, ки  аз сафарҳои расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва сафари расмии  Падарамири Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа  Олӣ Сонӣ ба Тоҷикистон пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории ду кишварро ба таври назаррас такмил додаанд.

Инчунин дар мулоқот таҳкими робитаҳои Маҷлиси намояндагон бо Маҷлиси Шӯрои Давлати Қатар баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки  тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳарду кишвар дар соҳаҳои гуногун ва тақвияти пояи ҳуқуқии он муҳим мебошад. Дар мулоқот роҳбарони парлумонҳои ҳарду кишвар фаъолияти самараноки  гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Қатарро хамчун абзори тақвияти беш аз пеши муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо арзёбӣ намуданд.

Шукурҷон Зуҳуров  ва Аҳмад ибни Абдуллоҳ Олӣ Маҳмуд  ҳамчунин доир ба муҳимияти ҳамкории байнипарлумонӣ дар таҳкими муносиботи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қатар, инчунин ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Қатар табодули афкор намуда, ба роҳ мондани хатсайри ҳавоии мустақими байни Душанбе ва Давҳаро муҳим маънидод карданд.

Аҳмад ибни Абдуллоҳ Олӣ Маҳмуд гуфт, ки дар вақти ба ҳайси  вазири давлатии корҳои хориҷии Давлати Қатар фаъолият доштанаш аз Тоҷикистон дидан намуда,  аз мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф  гаштааст. Вай аз таассуроти неки худ аз мулоқот бо Пешвои миллат ва самимияти мардуми меҳмоннавози тоҷик ёдовар шуда, таъкид кард, ки иқтидори бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика,  сарватҳои табиӣ  ва маҳсулоти кишоварзӣ заминаи хубе барои ҳамкории минбаъдаи ду давлат мебошад.
Дар анҷом Ш. Зуҳуров аз ҳамтои қатарии худ даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Апрель 9, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ