Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Чин густариш меёбанд

Апрель 5, 2019 08:44

ДУШАНБЕ, 5.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Ҷамшед Саидзода бо мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чен Дайвэня ва корманди масъули ин сафорат Чжао Сунюе 4 апрел мулоқот намуд.

Тавре аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистону Чин ва робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи дӯстии парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Чин, ҳамчунин иштироки фаъоли парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии  Мардумии Чин имзошуда муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Дар мулоқот аз раванди густариши робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва ҷиҳати роҳандозии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика,  маориф ва туризм пешниҳодҳои судманд баён гардид.

Зимни суҳбат доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши онҳо дар раванди ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои фаромарзӣ ва иштироки фаъол дар эътидоли вазъи сиёсию низомии Афғонистон табодули афкори судманд карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳамаи самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

Апрель 5, 2019 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд