РОЗА ОТУНБОЕВА: «ТОҶИКОН ЗОТАН МИЛЛАТИ ШЕЪРПАРВАР ВА ЗЕБОПАРАСТ МЕБОШАНД». Президенти собиқи Қирғизистон дар расми ифтитоҳи Рӯзҳои Тоҷикистон дар Фестивали «Роҳи бузурги абрешим» сухан гуфт

Апрель 12, 2019 11:07

ДУШАНБЕ, 12.04.2019./АМИт «Ховар»/.  «Миллати тоҷик табиатан ва зотан ба зебоиву сухани воло  арҷ мегузорад ва осори адибону орифони тоҷик мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дорад», — изҳор намуд  собиқ президенти  Қирғизистон Роза Отунбоева дар доираи баргузории ҷашнвораи «Роҳи бузурги абрешим», ки дар шаҳри Бишкек баргузор гардид.   Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии  Қирғизистон иттилоъ медиҳад.

Қобили зикр аст,ки маҳз ба ибтикори Фонди байналмилалии  «Ташаббуси Роза Отунбоева»   5 апрели соли равон дар бинои Музеи ҳунарҳои наққошии Қирғизистон фестивали «Роҳи бузурги абрешим» ба кори худ оғоз намуд, ки ин шабу рӯз ба унвони ҳодисаи нодир ва ҷолиби фарҳангӣ дар Қирғизистон арзёбӣ мегардад.

Дар ин ҳамоиш сафоратхонаҳои 15 кишвари ҳавзаи  Роҳи  абрешим  ширкат намуда, гӯшаҳои махсуси худро ба  маърази  тамошо гузоштанд.   11 апрел дар  доираи  ин ҳамоиш Рӯзи фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон доир гардид ва тамошобинони сершумор аз он боздид намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Суҳроб Олимзода  дар расми ифтитоҳи ин барнома баргузории чунин  тадобири  фарҳангиро дар таҳкими дӯстӣ ва  ҳамгироии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла мардумони тоҷик ва қирғиз муҳим унвон кард.

Бо ширкати донишҷӯёни тоҷикистонии муқими Бишкек барои тамошобинон рақсу таронаҳои миллии тоҷикӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуд.

Фестивали  Роҳи  бузурги абрешим» то 26 апрел  идома  мекунад.

Апрель 12, 2019 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд