Рустами Эмомалӣ бахшида Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон–шаҳри Душанбе як зумра қарорҳоро ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 12.04.19. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 11 апрели соли равон дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ баргузор гардидани он як қатор қарорҳо ба имзо расонид. Аз ҷумла, қарорҳо дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои «Мураббии сол», «Хонандаи сол» дар шаҳри Душанбе, инчунин қарор дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмуни соҳаи маорифи шаҳри Душанбе — «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ» ба тасвиб расонида шуданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдомот бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати таҳсили хубу аъло, омӯзгорону мураббияҳо дар таълиму тарбия, инчунин саҳми кормандони соҳаи маориф дар самти тарғибу ташвиқи корҳои созандагӣ, ободонӣ, сабзкорӣ ва бо гулу буттаҳо ороиш додани муҳити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт роҳандозӣ мегардад.
Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳои «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол» 8 000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






