Рустами Эмомалӣ бахшида Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон–шаҳри Душанбе як зумра қарорҳоро ба имзо расонид

Апрель 12, 2019 08:07

ДУШАНБЕ, 12.04.19. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  11 апрели соли равон дар арафаи таҷлили  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе  ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ баргузор гардидани он  як  қатор қарорҳо ба имзо расонид. Аз ҷумла, қарорҳо дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои   «Мураббии сол», «Хонандаи сол» дар шаҳри Душанбе, инчунин қарор дар бораи  тасдиқи  Низомномаи тартиби гузаронидани озмуни соҳаи маорифи шаҳри Душанбе — «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ» ба тасвиб расонида шуданд.

Тавре  аз Раёсати  иттилоот  ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдомот  бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагони муассисаҳои таълимӣ  ҷиҳати таҳсили хубу аъло,  омӯзгорону мураббияҳо дар таълиму тарбия, инчунин саҳми кормандони соҳаи маориф  дар самти тарғибу ташвиқи корҳои созандагӣ, ободонӣ, сабзкорӣ ва бо гулу буттаҳо ороиш додани муҳити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии   пойтахт роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори дахлдори  Раиси шаҳр Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор  гардидааст, ки   ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳои  «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол»  8 000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

Апрель 12, 2019 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад