Рустами Эмомалӣ барои муайян намудани беҳтарин беморхона, табиб ва корманди миёнаи тибби сол қарор ба имзо расонид

Апрель 19, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 19.04.19. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 18 апрели соли равон ҳисобномаи ҳавасмандгардонии молиявии ғолибони озмунҳои касбии соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол»  тасдиқ  гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин озмунҳо  бо мақсади  дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳр  ва дар доираи  Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии самтҳои асосии фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе доир ба ҳифзи солимии аҳолии пойтахт барои соли 2019  баргузор гардиданд.

Дар асоси ин қарор Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки аз ҳисоби сарфаи маблағҳои соҳаи тандурустӣ 34 000 (сиву чор ҳазор) сомонӣ ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳо ҷудо намояд.

Раиси шаҳр масъулинро вазифадор намудааст, ки  ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибони озмун тадбир андешанд.

Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

Апрель 19, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад