Рустами Эмомалӣ барои муайян намудани беҳтарин беморхона, табиб ва корманди миёнаи тибби сол қарор ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 19.04.19. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 18 апрели соли равон ҳисобномаи ҳавасмандгардонии молиявии ғолибони озмунҳои касбии соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол» тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин озмунҳо бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии самтҳои асосии фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе доир ба ҳифзи солимии аҳолии пойтахт барои соли 2019 баргузор гардиданд.
Дар асоси ин қарор Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки аз ҳисоби сарфаи маблағҳои соҳаи тандурустӣ 34 000 (сиву чор ҳазор) сомонӣ ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳо ҷудо намояд.
Раиси шаҳр масъулинро вазифадор намудааст, ки ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибони озмун тадбир андешанд.
Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






