Рустами Эмомалӣ бо Фотеҳ Қараманчӣ мулоқот намуд

Апрель 19, 2019 17:00

ДУШАНБЕ, 19.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Раиси Шӯрои директорони ширкати «Қараманчӣ Холдинг»-и Ҷумҳурии Туркия Фотеҳ Қараманчиро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  маҳаки асосии вохӯриро масъалаи ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ширкати «Қараманчӣ Холдинг» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин имкониятҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти минбаъдаи ин  ширкат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дод.

Тавре зикр гардид, ширкати номбурда фаъолияти худро дар се самт — саноати нассоҷӣ, тавлиди қубурҳои нахҳои шишагин ва гидроэнергетика ба роҳ монда, дар аксар кишварҳои ҷаҳон корхонаҳои худро ифтитоҳ намудааст.

Зимни баррасии масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд ҷонибҳо доир ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли қубурҳои баландсифати нахҳои шишагин дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо ба дигар масъалаҳои мавриди назар дахл намуданд.

Вохӯрӣ ба таври созанда ва дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.

Апрель 19, 2019 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад